<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>G</key>
<hymn_number>158</hymn_number>
<title>Ҷаҳонро бо чунин ҳусну тароват Хд158</title>
<lyrics>[V1]
.   C        D       G
 Ҷаҳонро бо чунин ҳусну тароват
.   C         D      G
 Ба мо кардӣ, Худовандо, иноят.
.   G                        D
 Зи обаш тоза кардӣ ҳар чаманро,
.    C        D       G
 Зи гул афрӯхтӣ кӯҳу даманро.
.   G                       D
 Чунон дилкаш якоякро сириштӣ,
.    C      D      G
 Ки хоки тираро кардӣ биҳиштӣ.

[V2]
 Зи нурат қалби моро рӯшанӣ деҳ,
 Зи шарри деви раҳзан эминӣ деҳ.
 Равони мо зи файзи Худ барафрӯз,
 Ки бошад тахти дил ҷоят шабу рӯз.
 Зи нури Ту ҷаҳон гаштаст пуршӯр,
 Ба қалбам пур Туӣ, афкан аз он нур.</lyrics>
</song>